Дар Маркази илм ва фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе бақайдгирии аризаҳо барои гузаштан аз тести давлатӣ бо забони русӣ оғоз меёбад.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, тести давлатӣ аз забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва хоҳиши гирифтани иҷозатномаи корӣ дар Русия (муҳоҷирони меҳнатӣ) ё ин, ки гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русияро мехоҳанд, гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, тестҳо аз рӯи барномаи сатҳи базавӣ (заминавӣ) гузаронида мешаванд. Аз рӯи модулҳои «Сатҳи базавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Сатҳи базавӣ барои шаҳрвандии Федератсияи Русия» супурдани имтиҳон пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, қабули ҳуҷчатҳо ва квитансияи пардохти боҷ барои гузаштан аз тест 5-уми сентябри соли ҷорӣ ба охир расида, гузаштан аз тест санаи 20-уми сентябр пешбинӣ шудааст. Барои онҳое, ки аз тест бомувафаққият мегузаранд, шаҳодатномаи давлатии Федератсияи Русия барои забони русӣ дода мешавад ва он дар тамоми минтақаҳои ин кишвар қабул карда мешавад.



