Оғози аз тести давлатӣ бо забони русӣ гузаштани муҳоҷирон

Дар Маркази илм ва фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе бақайдгирии аризаҳо барои гузаштан аз тести давлатӣ бо забони русӣ оғоз меёбад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, тести давлатӣ аз забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва хоҳиши гирифтани иҷозатномаи корӣ дар Русия (муҳоҷирони меҳнатӣ) ё ин, ки […]

ASIA-Plus


Дар Маркази илм ва фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе бақайдгирии аризаҳо барои гузаштан аз тести давлатӣ бо забони русӣ оғоз меёбад.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, тести давлатӣ аз забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва хоҳиши гирифтани иҷозатномаи корӣ дар Русия (муҳоҷирони меҳнатӣ) ё ин, ки гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русияро мехоҳанд, гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, тестҳо аз рӯи барномаи сатҳи базавӣ (заминавӣ) гузаронида мешаванд. Аз рӯи модулҳои «Сатҳи базавӣ  барои муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Сатҳи базавӣ  барои шаҳрвандии Федератсияи Русия» супурдани имтиҳон пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, қабули ҳуҷчатҳо ва квитансияи пардохти боҷ барои гузаштан аз тест 5-уми сентябри соли ҷорӣ ба охир расида, гузаштан аз тест санаи 20-уми сентябр пешбинӣ шудааст. Барои онҳое, ки аз тест бомувафаққият мегузаранд, шаҳодатномаи давлатии Федератсияи Русия барои забони русӣ дода мешавад ва он дар тамоми минтақаҳои ин кишвар қабул карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.