Ғолибияти пеш муҳлати футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти «Ҷоми Дӯстӣ»

Дар вохӯрии дуюми мусобиқоти анъанавии байнулмилалии футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013», ки дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон таҳти сарпарасии ФИФА ҷараён дорад, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти сарварии сармураббии ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар бозӣ бо тими мунтахаби Озарбойҷон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 дастболо шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии дуюми мусобиқоти анъанавии байнулмилалии футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013», ки дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон таҳти сарпарасии ФИФА ҷараён дорад, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти сарварии сармураббии ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар бозӣ бо тими мунтахаби Озарбойҷон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 дастболо шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳарифон Муҳаммад Шарифов, Кароматулло Саидов, Рустам Толибов (ду тӯб) ва Муҳаммадҷони Ҳасан ба самар расониданд. Дар вохӯрии нахустин футболбозони навраси Тоҷикистон бо тими мизбон – дастаи Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби бузурги 7 бар 2 дастболо шуда буданд.

Дар вохӯрии ниҳоии мусобиқот рӯзи 7-уми август футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз дастаи мунтахаби Белорус қувваозмоӣ мекунанд. Вохӯрии даври дуюми мусобиқот миёни дастаҳои Белорус ва Қирғизистн мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз натиҷаи вохӯрӣ бо дастаи Белорус, футболбозони навраси тоҷик пеш аз муҳлат ғолиби ин мусобиқот шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.