Вазорати кишоварзӣ: Ҳосил имсол хеле хуб аст

spot_imgspot_img

Дата:


То имрӯз дар Тоҷикистон 519 ҳазору 451 тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 115 ҳазору 527 тонна зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол гандум дар майдони умумии 222 ҳазору 914 гектар кишт шуда, то имрӯз ҳосили 180 ҳазору 741 гектар ё худ 81% аз майдони умумӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

«Афзоиши ҳосил аз ҳисоби зиёд шудани ҳосилнокӣ ба миқдори 5,7 сентнер аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна нисбат ба соли гузашта ба амал омада, 32,1 сентнер аз ҳар як гектарро ташкил дод», – гуфтанд дар вазорат.

Дар робита ба ҳосили зироати ғалладона зикр гардид, ки имсол дар майдони 297 ҳазору 691 гектар зироати ғалладона кишт шуда, ба санаи 5-уми август зироати ғалладона аз майдони 212,3 ҳазор гектар ҷамъоварӣ шудааст, ки 77% аз майдони умумии киштро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладонаи то ба имрӯз ҷамъоваришуда 610 ҳазору 186 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 148 ҳазору 814 тонна бештар мебошад. Ҳосилнокии зироати ғалладона ба ҳисоби миёна 29,2 сентнер аз як гектаррро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли пешин 5,2 сентнер зиёд аст. Соли равон дар саросари кишвар барои ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона 281 адад техникаи ҳосилғундор сафарбар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз 474 ҳазору 315 тонна ҳосили картошка интизорӣ рафта, имсол майдони умумии кишти картошка ба 22,6 ҳазор гектар баробар аст.

«Мо аз ҳосили хуби имсолаи картошка интизорӣ дорем ва 92,5 ҳазор тонна ҳосили то ба имрӯз ҷамъоваришуда (26,7 ҳазор тонна бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) гувоҳи он аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 205 сентнерро ташкил дод, ки аз соли гузашта 22 сентнер бештар мебошад», – зикр карданд дар Вазорати кишоварзӣ.

Зимнан зикр гардид, ки дурнамои ҷамъоварии мева имсол 107,9 ҳазор тонна ва ангур 70,9 ҳазор тонна пешбинӣ мешшавад. Тибқи маълумоти аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба Вазорати кишоварзӣ расида, то имрӯз 33,4 ҳазор тонна мева ва 2,9 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 4,1 ҳазор ва 1,5 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. 

Популярное

Похожие материалы