Эмомалӣ Раҳмон дар 10-гонаи нюсмейкерҳои ВАО-и Русия бо Путину Обама

Тибқи рейтинги ҳафтаи гузаштаи шабакаи телевизионии «Дождь», пас аз ваъдаи тасдиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави кишвараш тирамоҳи соли равон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафи 10-гонаи нюсмейкерҳо (афроди бештар дар сархати расонаҳо мавриди зикр қарорёфта)-и васоити ахбори умуми Русия шомил гардидааст. «Дар рейтинги хабари «Ново-Огарёво, пойгоҳи 201-ум то соли 2042 дар […]

ASIA-Plus


Тибқи рейтинги ҳафтаи гузаштаи шабакаи телевизионии «Дождь», пас аз ваъдаи тасдиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави кишвараш тирамоҳи соли равон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафи 10-гонаи нюсмейкерҳо (афроди бештар дар сархати расонаҳо мавриди зикр қарорёфта)-и васоити ахбори умуми Русия шомил гардидааст.

«Дар рейтинги хабари «Ново-Огарёво, пойгоҳи 201-ум то соли 2042 дар Тоҷикистон мемонад. Дар навбати худ, Маскав афзоиши таъминот бо силоҳ ба Душанберо ваъда кард» ҷойгоҳи президенти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, зинаи 9-умро касб кард», – менависад шабакаи телевизионӣ.

Се ҷойи аввалро дар ин рейтинг Путин, Сноуден ва Медведев ишғол намудаанд. Дар зинаи чорум президенти ИМА Барак Обама қарор дорад, ки аз шарҳи қазияи ба корманди гурезаи мақомоти амнияти давлаташ Сноуден паноҳгоҳи муваққатӣ додани Русия худдорӣ варзида, ҷиҳати ба арзише қоил будани тирамоҳи соли равон ба вохӯрӣ бо Путин ба Русия омаданаш ба андеша рафтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.