Зойиров: Ҳаводиси Хоруғ баҳодиҳии муносиби ҳуқуқиро талаб мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Раиси Ҳизби сотсиал-деморкати Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи Фейсбуки худ изҳороти навбатиашро интишор карда, дар он муфассалтар дар бораи сӯҳбати ахири худ бо кормандони Додситонии кулл нақл мекунад ва иброз медорад, ки ҳама гунна ҳаводис, аз ҷумла воқеаҳои Хоруғ арзёбии муносиби ҳуқуқиро мехоҳанд.

Ба қавли ӯ, 2-юм ва 5-уми августи соли ҷорӣ, муддати якчанд соат вай ба суолҳои таҳиянамудаи КДАМ ва Додситонии кулли ҶТ, ки ба изҳороти ахири ӯ рабт доштанд, посухи хаттӣ додааст.

Ба тасдиқи мавсуф, моҳиятан аз суолҳои додашуда чунин маънӣ бардоштан мумкин буд, ки Зийров амали ҳукумат ва сохторҳои қудратиро дуруст шуморад, изҳороти худро рад кунад ва ҳамчун ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор ба арзёбии боғаразона ва ғайривоқебинонаи ҳаводиси зикршуда муттаҳам карда шавад. Зимнан, Зойиров таъкид дошт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои КДАМ-ро ба зимаи худ гирифтааст, вазифаи асосии худ- назорат аз болои риояи боинтизому баробари қавонин аз ҷониби на ки фақат мардуми оддӣ, балки ҳамагонро фаромӯш кардааст.

Вай ҳамчунин тасдиқ мекунад, ки дар шароитҳои ҳаводиси Хоруғ, бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз терроризм,  ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии мардуми оддӣ нақз карда шуданд, зеро амалиёти низомӣ соати 4-и субҳ бидуни огаҳии аҳолии ғайринизомӣ,  бидуни таъмини амнияти онҳо шурӯъ шуд. Чунин ҳолат дар нисбати мардуми оддӣ, ба ақидаи Зойиров, нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон маҳсуб мешавад.

Зойиров иброз дошт, ки бо лаҳзаҳои зикрнамудаи ӯ ҳукумати ҶТ бар ҳилофи моддаҳои 5, 10, 14, 20 ва 42-и Сарқонуни ҶТ амал кардааст, ки Додгоҳи конститутсионии ҶТ бояд дар мавриди он баҳои муносиби ҳуқуқӣ бидиҳад.

«Суолҳои ахири Додситонии кулл дар ҳамдастӣ бо КДАМ ин тавр садо доданд: Намехоҳед расман, тавассути ВАО аз изҳороти беасоси худ, хусусан нисбати мавҷуд будани террори давлатӣ дар равишҳои ҶТ, узр пурсед? Ба назари шумо, ҳамчун ҳуқуқшинос, оё дар амалу изҳороти шумо нишонаҳои ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мавҷуд аст?»,-идома додааст Зойиров.

Ба қавли худаш, Зойиров ба ин суол посух додааст, ки вай аз баҳогузории дурусти ҳуқуқии ҳаводиси 24-уми июли соли 2012 дилпур аст.  Илова бар он, ба ҳама ҳаводиси ба ин тартиб, ки нораво ҳисобида мешаванд, бояд дар матбуот баҳои муносиб ва дуруст дода шавад ва ҳам ба маълумоти мақомот ва ҳам ба кулли мардуми кишвар расонида шаванд. 

«Дар мавриди суоли ахир посухи ман ин аст, ки ин ҷо ҳеҷ амалиёте нест. Муроҷиатномаи ман мувофиқи дониши ман, меъёрҳои сарқонун ва ҳуқуқҳои байналмилалӣ баҳогузории ҳуқуқии ҳаводисро дар бар мегирад, ки бевосита ба президент, ҳукумат ва порлумони кишвар равона шудаанд. Ман аз онҳо посухи мувофиқро ба муроҷиатномаам интизорам».

Зойиров дар изҳороташ ҳамчунин хабар додааст, ки ояндаи наздик азм дорад, бино ба сабаби мувофиқат кардани амалиёти Ҳукумати ҶТ ба моддаҳои 5, 10, 14, 20 ва 42-и Сарқонуни ҶТ, ба Додгоҳи конститутсионии кишвар муроҷиат кунад. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...