Вазорати молия умедвор аст, ки ММД соли оянда ба 50 миллиард сомонӣ мерасад

Вазорати молияи ҶТ иттилоъ медиҳад, ки соли 2014 даромадҳои феълии буҷаи давлатии Тоҷикистон бидуни назардошти бурсҳо дар ҳаҷми бештар аз 10,9 миллиард  сомонӣ пешбинӣ шудаанд. Дар нишондодҳои лоиҳавии даромадҳои буҷаи давлатии ҶТ барои солҳои 2014-2016 қайд карда мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 9 миллиарду 935 миллион сомонии ҳаҷми даромадҳои феълиро соли оянда воридоти андозӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазорати молияи ҶТ иттилоъ медиҳад, ки соли 2014 даромадҳои феълии буҷаи давлатии Тоҷикистон бидуни назардошти бурсҳо дар ҳаҷми бештар аз 10,9 миллиард  сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар нишондодҳои лоиҳавии даромадҳои буҷаи давлатии ҶТ барои солҳои 2014-2016 қайд карда мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 9 миллиарду 935 миллион сомонии ҳаҷми даромадҳои феълиро соли оянда воридоти андозӣ ва наздики 975 миллион сомониро бошад даромадҳои ғайриандозӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2014 дар ҳаҷми наздики 48,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои соли 2015 даромадҳои феълии буҷаи давлат бидуни назардошти бурсҳо дар ҳаҷми беш аз 12,6 миллиард сомонӣ муқаррар шудаанд.  Хусусан дар нақша аст, бештар аз 11,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби андозҳо ҳосил карда шавад. 1,1 миллиард сомонӣ бошад даромадҳои ғайриандозиро ташкил медиҳанд. Тибқи чашмдошт, ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ тибқи ҳисоботи соли 2015 ба беш аз 55,5 миллиард сомонӣ хоҳад расид.

Соли  2016 Вазорати молия дар нақша дорад, даромадҳои феълии буҷаи давлатӣ бидуни кумакҳои молӣ ба  ҳаҷми беш аз 14,5 миллиард сомонӣ  расонида шаванд. Даромадҳои андоз аз ин миқдор маблағ наздики 13,3 млрд. сомонӣ ва ғайриандозӣ бошад беш аз 1,2 млрд. сомониро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ соли 2016 тибқи чашмдошт бояд ба миқдори 63,2 млрд. сомонӣ муодил гардад.

Ёдрас мекунем, ки даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷаи давлатии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 9 миллиарду 277 миллион сомонӣ ва маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар дар ҳаҷми 42,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Соли гузашта даромадҳои феълии буҷаи давлатии ҶТ андак бештар аз 7 млрд. сомонӣ ва маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ наздики 36,2 млрд. сомониро ташкил доданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.