Сайри датсрасии инфраструктура дар шаҳри Душанбе барои шахсони дорои маълулият

spot_imgspot_img

Дата:


«Коалитсияи созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои одамони дорои маълулият барои ба тасвиб расонидани Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият» дар якҷояг бо ЮНИСЕФ 7 август чорабинии «Сайри дастрасӣ дар шаҳр»-ро мегузаронанд, ки он дар мувофиқат бо лоиҳаи Душанбе шаҳри амну дӯстӣ доир мегардад. 

Тавре созмондиҳандагони чорабинӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи асосии ин сайр ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи мушкилоти дастрасии инфраструктураҳо барои маъюбон аст. Ҳамзамон дар рафти он таҷрибаи он мутахассисоне, ки худ дорои маълулият мебошанд, омӯхта мешавад.

«Дар ин чорабинӣ мушовири калон оид ба масъалаҳои кӯдакони дорои маълулият, гендер ва ҷалби чомеаи дафтари марказии ЮНИСЕФ Росанжела Бермен Байер, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои одамони дорои маълулият ва намояндагони ВАО ширкат меварзад. Ин гурӯҳ биноҳои гуногуни шаҳрро дар робита ба дастрасии онҳо меозмоянд, аз ҷумла атрофи Фурӯшгоҳи марказии Душанбе (ЦУМ), Китобхонаи миллӣ, марказҳои тиббии интихобшуда, мактабҳо, биноҳои маъумурӣ ва дигар биноҳои шаҳри Душанбе», – мегӯяд сарчашма.

Қайд мегардад, ки чорабинии мазкур дар доираи Форуми чоруми Осиеи Марказӣ оид ба ҳифзи кӯдак созмон дода шуд, ки дар рафти форуми мазкур ба мавзӯи «эҷоди низоми инклюзивӣ ва хизматрасониҳо барои кӯдакони дорои маълулият (маъюб) дар мувофиқат бо Конвенсияи Ҳуқуқи одамони дорои маълулият» таваҷҷӯҳи хоса дода шуда буд. Дар форум, к ибо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 1-ум то 3-юми август доир гашта буд, намояндагони олимақоми тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони созмоҳои одамони маълулиятдошта ширкат варзиданд.

 



Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...