Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ пешниҳоди пул вобаста ба коҳишёбии хароҷотҳои буҷети давлатӣ тамоили пастравӣ дошт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми пулҳои захиравӣ 4,5 млрд. сомонӣ (4,4 млрд. сомонӣ дар семоҳаи аввал)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли гузашта 15,1% зиёдтар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба рушди иқтисод, таъмини босамари гардиши пул ва ҷалби пасандозҳои муҳлатдор, афзоиши ҳаҷми пулҳои нақди берун аз бонкҳо, пасандозҳои дархостшаванда ва коғазҳои қимматнок дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 28,0 ва 24,5%-ро ташкил дод. Дар баробари ин, тағйирёбии нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул назаррас буда, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 19,6% зиёд гардид.
Мултипликатори ҳаҷми пул бошад, 1,13 банд ва сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул 22,6%-ро ташкил намуд, ки ин идома ёфтани раванди таҳкимёбии бахши молиявиро инъикос менамояд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсоли якуми соли ҷорӣ ба 15,8 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди ҳақиқии он 7,5%-ро ташкил дод. Рушди бештар дар соҳаи гардиши савдои чакана – 13,2, кишоварзӣ – 12,1, сохтмон – 9,3, хизматрасонӣ – 8,4 ва саноат – 6,6% ба қайд гирифта шуд.
Дар ин давра бинобар муътадилии сатҳи нархи маҳсулотҳои воридотӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, нишондоди таваррум муътадил қарор дошт. Сатҳи таваррум дар ин давра1,6%-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.



