Фестивали ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Рӯзи 19-уми август дар боғи ботникии «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали ҷумҳуриявиии ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ созмон дода шуда,  дар доираи чорабиниҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар фестивал ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла заргарону оҳангарон, дуредгарон, зардӯзон, кулолгарон ва намояндагони дигар ҳунарҳои мардумӣ бо маснӯоти худ иштирок мекунанд.

«Барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишгоҳи шириниҳо, хӯрокҳои миллӣ, мева ва нӯшокиҳо ташкил карда мешавад. Тамошобинон аз ҳунарнамоии дорбозону мусиқачиён ва артистҳо баҳра бурда метавонанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар доираи фестивал баргузор намудани консерти дастаҳои фолклорӣ ва гурӯҳҳои ҳунарӣ аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар низ дар назар аст. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...