Адвокатҳо ба рӯбарӯкунии З.Саидов ва ҷабрдида аз таҷовуз ба номус муваффақ шуданд

spot_imgspot_img

Дата:


Соҳибкор Зайд Саидов, ки нисбаташ аз рӯи далели таҷовуз ба номуси ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, имрӯз, 13-уми август бо ҷабрдида рӯ ба рӯ вомехӯрад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дархости адвокатҳои боздоштшуда соатҳои наздик вохӯрӣ дар бинои Агентии зиддифасод баргузор мегардад.

«То имрӯз Саидов ва мо, адвокатҳои ӯ боре ҳам «ҷабрдида»-ро надидаем. Дар вохӯрӣ танҳо Саидов, адвокатҳо ва духтар бо намояндаи расмии худ ҳузур хоҳанд дошт», – изҳор кард Табаров.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ

парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки айбномаҳои нав нисбати Зайд Саидов метавонанд сохташуда ва баёноти ин занон бардурӯғ бошанд, зеро тибқи айбномаҳои пешин заминаи исбот мавҷуд нест ва аз ин рӯ, тафтишот маҷбур аст, ки «ҷиноятҳо»-и нав «ошкор созад»-у ба ӯ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки ҳамаи ин айбномаҳо ба Саидов дарҳол пас аз

номаи ӯ аз боздоштгоҳи муваққатии

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳиши дахли ӯ ба қазия бо назардошти вазъи солимиаш пешниҳод шуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...