Ахири ҳафтаи равон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргашта, дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон хабар дод, ҷумъаи оянда, 16-уми август ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палата Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст.
«Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ва дигар субъектҳои қонунофар баррасӣ шуда, барои баррасӣ ба кумитаву комиссияҳои дахлдор фиристода мешаванд», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, то 1-уми сентябр вакилони мардумӣ дар кумитаву комиссияҳо фаъолият намуда, бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд ва 1-уми октябр дар Душанбе ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба кор шурӯъ мекунад.



