Имлои матни забони тоҷикӣ акнун ба таври автоматӣ ислоҳ мешавад

spot_imgspot_img

Дата:


Барномасозони тоҷик модули барномавии «Бастаи забони тоҷикӣ барои Microsoft Office» – TajSpell 1.0.  TajSpell 1.0-ро таҳия намуданд, ки барои санҷиши автоматии имлои забони тоҷикӣ ва ҷобаҷогузории аз як сатр ба сатри дигар гузаштани калимаҳо пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» Хуршед Худоёров иттилоъ дод, барнома ба санҷиши автоматии имлои калимаҳои забони тоҷикӣ ва ҳамчунин дуруст ба сатри дигар кӯчонидани онҳо дар матн имкон медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, барномаи TajSpell 1.0 аллакай аз Microsoft Office сертификат дастрас кардааст. «Айни замон бо насби TajSpell дар компютер ва интихоби забони тоҷикӣ дар матн метавон аз ин барнома истифода кард. Феълан бо ширкати Microsoft Office гуфтушунид дорем, то ки онҳо минбаъд ҳангоми пешниҳоди барномаҳои навшудаи Microsoft ба рӯйхат забони тоҷикиро ҳам шомил намоянд», – зикр кард Худоёров.

Модули имло (орфографӣ) ба корбарон имкон фароҳам месозад, ки дар замони воқеъӣ, яъне зимни чидани матн имлоро бисанҷанд. Зери калимаҳои дорои хатои имлоӣ хати сурхи мавҷдор пайдо мешавад. Тавассути тугмачаи рости мушак ва интихоби шакли дурусти навишти калима ё ворид намудани калима ба луғат он ислоҳ карда мешавад. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...