Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Норак

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигари оянда ба шаҳри Норак сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, айи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 киловолтаи нерӯгоҳи Норак ва як зумра иншооти муҳими дигар ифтитоҳ ёфта, сохтмони чанд иншооти оянда оғоз меёбад. Ҳамчунин бо фаъолони шаҳр ва мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир хоҳад шуд.

- Advertisement -

Гуфта мешавад, боздиди кории сарвари давлат бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак оғоз ёфт. Ин бино бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якумаш маркази савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ҷойгир шудааст. Соҳибкори бунёдгузори ин бино Абдураҳим Назаров азм дорад, ки ин қисмати биноро ба соҳибкорони хурду миёна дар давоми як соли аввал ба таври ройгон ба иҷора диҳад, то ки онҳо оғози кори худро бе мушкилӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин қисмати бино зиёда аз 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4 ҳуҷрагии истиқоматӣ омода аст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. 

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы