Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия се нафар ноболиғони тоҷик аз қабулгоҳи махсуси Сарраёсати ВКД ФР дар вилояти Новосибирск озод карда шуданд.
Бино ба иттилои намояндагии мазкур, як корманди намояндагӣ Маҳмадӣ Давлатов ба онҷо сафар дошта, бо сардори қабулгоҳ Лариса Курилас роҷеъ ба ҳалли пурсамари мушкилоти мавҷуда гуфтушунид кардааст.
«Дар вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ба қабулгоҳи муваққатӣ аслан ноболиғоне оварда мешаванд, ки ба қонуншиканӣ даст задаанд ва то муайян кардани шахсияту ҳолатҳои қонуншикании онҳо дар инҷо нигоҳ дошта мешаванд ва дар зарфи ҳафт моҳ 8 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар ин ҷо нигаҳдорӣ шудаанд», – хабар медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, бо мусоидати намояндагӣ се нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон – зодаи шаҳри Исфара Шоҳрӯз Ортиқов, сокини шаҳри Чкаловск Шаҳром Хайриддинов ва истиқоматкунандаи ноҳияи Румӣ Кароматулло Наҷмиддинов, ки барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун дар ин марказ нигоҳ дошта мешуданд, ба намояндагони қонунӣ супурда шудаанд.



