Дар лагери муваққатии Маскав дигар муҳоҷирони тоҷик боқӣ намонданд


Шаҳрвандони тоҷик, ки чанде қабл аз шаҳраки махсуси хаймавӣ ба қабулгоҳи махсуси пулиси Маскав интиқол шуда буданд, дар фурсати наздиктарин ба ватан фиристода мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, 13-уми август сардори Хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав боздид намуда, бо сардори марказ Дмитрий Сухов мулоқот ва масоили марбут ба вазъи нигаҳдории муҳоҷирони тоҷик ва тартиботи ба ватан фиристодани онҳоро баррасӣ кардааст.

«Д.Сухов изҳор кард, ки шумори шаҳрвандони тоҷик дар марказ ба таври назаррас коҳиш ёфта, аз 7 то 13-уми август 35 нафар ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Чанде қабл шомгоҳон боз 16 нафар «сокинон»-и марказ аз фурудгоҳ ба ватан раҳсипор шуданд. Ӯ ба сафорат барои ҳамкории мунтазам дар омодасозии ҳуҷчатҳо, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони кишвари худ изҳори миннатдорӣ намуд», – гуфт Эгамзод.

Ба қавли ӯ, бо дархости дипломатҳои тоҷик ҳамчунин бо 10 нафар шаҳрвандони тоҷик, ки чанд рӯз қабл ба ин марказ фиристода шуда буданд, вохӯрӣ доир гардида, чун хоҳиши ягонаи онҳо ҳарчи зудтар ба ватан баргаштан буд, консул аз раҳбарияти марказ хоҳиш намудааст, ки мувофиқи имкон ба зудтар баргаштани онҳо ба ватан мусоидат карда шавад ва мувофиқа ҳосил шудааст, ки ояндаи наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

«Субҳи имрӯз як корманди сафорат ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав сафарбар шуд, то ки дар ҳамон ҷо баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандонамон мусоидат намояд. Барои муҳоҷирони тоҷик ӯ бо худ воситаҳои гигенаи шахсӣ ва маҳсулоти ғизойӣ бурд», – гуфт намояндаи сафорат.

Эгамзод таъкид намуд, ки дар лагери муваққатии Маскав барои муҳоҷирон дигар шаҳрвандони тоҷик боқӣ намондаанд. «Ҳамаи онҳоро мо ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав гузаронидем ва пас аз омодасозии ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби буҷети федералии Русия онҳо ба ватан фиристода мешаванд», – иброз дошт вай.

Намояндаи расмии сафорат ҳамчунин изҳор кард, ки дар лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони Голяново то ҳанӯз ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун боқӣ мондаанд. 

spot_imgspot_img

Популярное