Дар мавсими тобистон аз 305 нерӯгоҳи хурди обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 175-тоаш фаъолият мекунанд, ки 15 ададаш дар тавозуни ширкати «Барқи тоҷик» мебошад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, 40%-и нерӯгоҳҳои хурди барқии аз фаъолият бозмонда бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон, ҳангоми камбуди барқ дар кишвар ва коҳиши истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои асосӣ ба кор дароварда мешаванд.
«Дар мавсими тобистон нерӯгоҳҳои хурди барқӣ танҳо дар ҷойҳое фаъолият мекунанд, ки дар он ҷо хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳҳои бузург вуҷуд надорад ва онҳо ҳамагӣ 60% аз шумори умумии нерӯгоҳҳои хурдро ташкил медиҳанд. Дар нерӯгоҳҳои хурди боқимонда дар ин давра корҳои таъмиру омодагӣ гузаронида мешаванд, зеро дар ин мавсим дар Тоҷикистон нерӯи барқи кофӣ истеҳсол шуда, ин минтақаҳо аз нерӯгоҳҳои бузург бо барқ таъмин мегарданд», – гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, феълан дар 14 иншооти нерӯгоҳои хурди барқӣ корҳои лоиҳакашиву сохтмон ҷараён доранд ва шояд то ахири сол аз 5 то 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Ба иттилои манбаъ, аз 305 нерӯгоҳи хурди барқии мавҷуда дар кишвар 94-тоаш аз ҳисоби воситаҳои бурсӣ ва боқимонда аз ҳисоби сармоягузориҳои маҳаллӣ бунёд шуда, иқтидори умумии тамоми нерӯгоҳҳои хурди обӣ-барқӣ 26,4 мегаваттро ташкил медиҳад.
«Бо назардошти талабот, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳҳо хеле ночиз аст. Соли 2012 дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ 44 млн. 986 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар як сол беш аз 14 млрд. кВт/соат аст», – шарҳ доданд дар Вазорати энергетика.
Дар Вазорати мазкур чунин изҳори андеша карданд, ки нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои хурд истеҳсолшуда базӯр барои равшании бино ва ба кор даровардани як дастгоҳи барқӣ кифоя мекунад ва аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурд кишварро аз буҳрони энергетикӣ раҳо карда метавонанд. Мутаносибан сохтмони нерӯгоҳҳои барқи барои Тоҷикистон ҳамеша рӯзмарра боқӣ мемонад.
Зимнан зикр гардид, ки арзиши истифодаи барқ дар нерӯгоҳҳои хурд низ чун дар саросари кишвар 11 дирамро ташкил медиҳад ва маблағи аз ин ҳисоб ҷамъоваришуда ба таъмир, пардохти музди меҳнати коргарон ва дигар корҳои зарурӣ масраф мегардад.



