Бобати қабули меҳмонони Конфронси байналхалқӣ вобаста ба масоили об, ки рӯзҳои 21-22 августи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) омодагиҳо идома доранд.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, толорҳои қабул ва гусел, роҳравҳо, майдонҳои назди фурудгоҳ ба тартиби махсус гулкорӣ шуда, техника ва таҷҳизоти зарурӣ барои қабули ҳавопаймоҳо аз назорати иловагии техникӣ мегузаранд.
«Дар ҷаласаи кории чанде қабл доиргардида реҷаи қабули ҳавопаймоҳои меҳмонон ва масоили қабул ва гусели иштирокдорони конфронс мавриди сӯҳбат қарор гирифта, ба сардорони хадамот ва шӯъбаҳо, шахсони мутасаддӣ бобати омодагии пурра дастур дода шуд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли Шодиев, тайи ҳафтаи баргузории конфронс дар фурудгоҳ аз ҳисоби роҳбарони хадамот ва шӯъбаҳо навбатдорӣ ташкил карда шуда, аз ҳоло адади ҳавопаймоҳои меомада ва тавақуфгоҳҳо барои ҳавопаймоҳои меҳмонон муқаррар гардид. «Тавре масъулин иброз доштанд, дар қабул ва гусели меҳмонон ва ҳавопаймоҳо мушкили фаннӣ вуҷуд надорад», – афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе аз иштироки беш аз ҳазор нафар аз 100 кишвари узви СММ интизорӣ меравад.



