Ҳалокати се муҳоҷири тоҷик дар шарқи Маскав


Дар гузаргоҳи Семёновои минтақаи шарқии шаҳри Маскав се муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролудшавӣ аз газ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ҳалокшудагон Ҳокимшо Хонов (соли тав. 1968), Абдумалик Атоев (соли тав. 1962) ва Исмоил Сиддиқов (соли тав. 1967) ҳама сокинони ноҳияи Данғара мебошанд.

Гуфта мешавад, онҳо дар ҶДММ «СБиУ-1», ташкилоти паймонкор оид ба тозакунии роҳҳои ҳавзаи маъмурии шарқии шаҳри Маскав кор мекардаанд. Ҷасади онҳо рӯзи панҷшанбе, 15-уми август дар яке аз чоҳҳо дарёфт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, РИА «Новости» хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи фоҷеабор соати 6:00-и субҳи 15-уми август зимни корҳои таъмир дар коллектори назди корхонаи «Салют» рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон дар натиҷаи рахна шудани қубур фавтидаанд.

«Айни замон муфаттишон ҷойи ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, ғайр аз ин, ҳолат ва сабабҳои он замон дар коллектор  қарор доштани коргарон низ муайян карда мешавад», – менависад хабаргузорӣ. 

 

spot_imgspot_img

Популярное