Баррасии масоили амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар Душанбе


Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти вазири энергетика ва санати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати ҳукумати Афғонистон масоили амалисозии лоиҳаи хатти интиқоли барқи минтақавии CASA-1000 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ба ҳайати ҳукумати Афғонистон вазири молияи Афғонистон Ҳазрат Умар Зохилвол, раиси Идораи роҳи оҳани ин кишвар Ямо Шамс ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғаффор Орзу шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВт Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва хати лӯлаи гази табиӣ аз Шибирғони Афғонистон ба Тоҷикистон тариқи Шаҳритуз ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва бахшҳои гуногуни саноат, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯри изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштаанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. 

spot_imgspot_img

Популярное