Таҳлилгарони торнамои «Kursiv.kz» рейтинги кишварҳои ИДМ-ро роҷеъ ба қарзи хориҷӣ тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2013 тартиб доданд.
Барои арзёбии ҳаҷми қарзи хориҷӣ гурӯҳи таҳлилии ин торнамо на фақат ҳаҷми худи қарз, балки нишондиҳандаи онро дар нисбати ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баррасӣ карданд, чун ин фисад самарбахшии истифодаи қарзҳоро нишон медиҳад.
Русия дар ин раддабандӣ ҷойи якумро касб кардааст. Тибқи арзёбии таҳлилгарон, қарзи хориҷии ин давлат ҳудуди 691,15 баҳо дода мешавад. Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД-и ин кишвар дар оғози соли 2013 ҳудудан 34% аз ММД-ро ташкил додааст, ки яке аз нишондодҳои беҳтарин дар ИДМ мебошад. Қарзи хориҷии Русия дар семоҳаи аввали соли 2013 дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад афзоиш ёфта, тақрибан 4800 доллар ба ҳар шаҳрванди Русия рост омадааст.
Қазоқистон бо ҳаҷми $139,95 миллиардаи қарзи хориҷияш мақоми дуввумро касб кардааст. Украина дар ин феҳрист дар ҷойи саввум аст. Қарзи хориҷии ин давлат дар ҳудуди андак камтар аз Қазоқистон- $136,28 миллиард арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон дар поёни ин раддабандӣ қарор дорад, зеро ба қавли таҳлилгарон қарзи хориҷии кишвар ба 2,17 миллиард доллар расида, қарз ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ дар ҳудуди 271 доллар рост меояд.
Дар аввали соли таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 29 фисадро ташкил додааст.
Оғози соли равон мизони бештари қарзи хориҷӣ дар қаламрави ИДМ -98% дар Қирғизистон сабт шудааст. Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон, қарзи хориҷии ин кишвар 6,32 миллиард доллар буда, ба ҳар шаҳрванд 1,1 ҳазор доллар рост меояд.
Дар рейтинг кишварҳое ба монанди Узбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон оварда нашудаанд, зеро ҳайати таҳлилии Kursiv.kz маълумот дар бораи қарзҳои хориҷии ин давлатҳоро дар ихтиёр надоранд.



