Баррасии даъвои зиёин нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва Тутубалина мавқуф гузошта шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Мурофиаи судии пешакӣ оид баррасии даъвои як қатор иттиҳодияҳои эҷодӣ ва шахсони ҷудогона нисбати ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубулина имрӯз, 19-уми август дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор шуд.

Намояндагони ҳафтавор ва О.Тутубалина – Шуҳрат Қудратов ва Иноят Иноятов зимни ҷаласа ба суд дар бораи беҳаракат гузоштани даъво дархост пешниҳод намуданд, зеро дар он камбудиҳои ҳуқуқӣ ҷой доранд.

«Ҳамин тариқ, дар аризаи даъвогӣ нишон дода нашудааст, ки маҳз кадом шахси мансабдор (шахсон) ба суд муроҷиат кардааст. Маълум нест, ки даъвогарон кистанд», – гуфт Иноятов ва ба дар аризаи даъвогӣ мавҷуд набудани имзоҳо ишора намуд.

Ба қавли ӯ, аризаи даъвогӣ аз номи шахсони ҳуқуқӣ дар варақи оддӣ навишта шуда, он бояд дар варақи расмӣ бо ишораи тамоми реквизитҳо бошад. Ба ҷуз ин камбудиҳои техникӣ, Иноятов ҳамчунин гуфт: «Даъво аз ҷониби даъвогарони номуносиб пешниҳод шудааст, зеро даъвогарон ҳуқуқ надоранд, ки аз номи тамоми зиёини Тоҷикистон баромад кунанд. Дар оинномаи ин ташкилотҳо зикр нагрдидааст, ки онҳо метавонанд аз номи тамоми зиёин баромад карда, онҳоро намояндагӣ кунанд».

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, даъвогарон тартиби тосудии баррасии баҳсро риоя накарда, ба идораи ҳафтавор посухи худ ба ақидаи журналистро пешниҳод накардаанд.

Пас аз баррасии далелҳои пешниҳодгардида судяи парвандаи мазкур, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сурайё Ҷобирова таъинот содир намуда, ба даъвогарон барои ислоҳи камбудиҳо то 27 август муҳлат дод. Ҳамин тариқ ҷаласаи навбатӣ 27-уми август баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки акнун шумори даъвогарон аз шаш ба ҳашт даъвогар зиёд шуд. Намояндагони зиёиён аз суд дархост кардаанд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар, ки муҳаррири газета О.Тутубалина аст, барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ситонида шавад.

Даъвогарон ҳамчунин таъини ташхиси судии лингвистӣ ва ҷиҳати таъмини даъво ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалинаро низ хоҳиш карданд.

Даъвогарони асосӣ Академияи улуми ҶТ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва шоир Ҳикмат Раҳматов нишон дода шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми август даъвои намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина

ба суди ноҳияи Фирдавсии

шаҳри Душанбе пешниҳод гардид.

Ҳуқуқшинос Иноят Иноятов бар ин назар аст, ки даъвои пешниҳодшуда «беасос ва поймолкунандаи ҳуқуқ» мебошад.

«Бо истифодаи аз ҳуқуқи конститутсионии худ Тутубалина назари интиқодии худро изхор намуд, ки дар он манфиатҳои тамоми зиёиён дар назар дошта нашудааст. Ғайр аз ин, ба масъулияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб кардани журналист барои интиқод тибқи Конуститусияи Тоҷикистон, Қонун дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ, Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қатъиян манъ аст», – изҳор дошт ӯ.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...