Баррасии парвандаи маҳбусон дар Хуҷанд аз нав оғоз мегардад

Ҷаласаи судӣ оид ба баррасии парвандаи маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар Хуҷанд бинобар сабаби ба кор дар ВМКБ таъин шудани раисикунанда дар ин мурофиа, судяи суди шаҳр Муслумон Шарифов аз нав оғоз мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева хабар дод. «Мо судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқуловро […]

Мавлуда Рафиева


Ҷаласаи судӣ оид ба баррасии парвандаи маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар Хуҷанд бинобар сабаби ба кор дар ВМКБ таъин шудани раисикунанда дар ин мурофиа, судяи суди шаҳр Муслумон Шарифов аз нав оғоз мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева хабар дод.

«Мо судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқуловро раиси ин мурофиа таъин намудем. Мурофиа ҳамин ҳафта таъин шуда, вале санаи дақиқаш маълум нест. Чун судя бо парванда хуб шинос нест, баррасии парвандаи маҳбусон аз нав оғоз мегардад», – зикр кард М.Ҳабибуллоева.

Ёдрас мекунем, ки 24-уми июли соли равон, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев пушти дарҳои пӯшида оғоз гардид.

Санаи 1-уми августи соли равон маҳбус Садриддин Тошев ва адвокати ӯ Файзинисо Воҳидова иштирок дар мурофиаи судиро

рад карданд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.