Оғози лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз дар ҳаҷми қариб 12 млн. $

Имрӯз дар Душанбе маросими баимзорасии Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабзи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» миёни Бонки осиёгии рушд (БОР), ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон баргузор шуд. Зимни имзои созишнома зикр гардид, ки ҳадаф аз амалисозии лоиҳа рушд ва таҳкими имконоти низоми маблағгузории хурди Тоҷикистон ва омодасозии манзилҳои пурсамари энергетикӣ, […]

Заррина Эргашева


Имрӯз дар Душанбе маросими баимзорасии Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабзи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» миёни Бонки осиёгии рушд (БОР), ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон баргузор шуд.

Зимни имзои созишнома зикр гардид, ки ҳадаф аз амалисозии лоиҳа рушд ва таҳкими имконоти низоми маблағгузории хурди Тоҷикистон ва омодасозии манзилҳои пурсамари энергетикӣ, сарфакор ва аз нигоҳи экологӣ тоза тавассути ҷудо кардани қарзҳои хурд ба хонаводаҳо аст.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки маблағи умумии лоиҳа 11,87 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, қисмати зиёди он бурси БОР дар ҳаҷми 10 млн. $, кӯмаки фаннии Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон ба маблағи 750 ҳазор $, саҳми қарздеҳони фаръӣ – 980 ҳазор $ ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон – 140 ҳазор $ иборат аст.

«Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи шарики давлативу хусусӣ» қабул гардида, ин лоиҳа бар асоси қонуни мазкур амалӣ мегардад. Лоиҳа ба таҳкими бахши маблағгузории хурд равона гардида, солҳои охир ин бахш дар ҳоли рушди босуръат қарор дорад ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар бахши маблағгузории хурд 99%-и қарзҳо баргардонида мешаванд», – гуфт вазир.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю дар ин робита зикр кард, ки амалисозии муваффақонаи лоиҳа минбаъд ба зиёд шудани маблағгузорӣ ба чунин лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ва ҷорӣ шудани ин таҷриба дар дигар кишварҳо шароити мусоид муҳайё мекунад.

«Таври маълум, дар мавсими зимистон 75%-и аҳолии Тоҷикистон бо мушкилоти камбуди барқ дучор мегардад. Дар доираи лоиҳа ба беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ ва пешниҳоди маблағгузории дастрас ба аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати харидории асбобу лавозимоти сарфакунандаи энергия мусоидат карда мешавад», – гуфт ӯ.

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки ташкилотҳои хурди қарздиҳии «Арванд» ва «Имон интернейшлн» шарикони лоиҳа интихоб гардида, минбаъд дигар ташкилотҳо низ дар он иштирок карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.