Баррасии парвандаи маҳбусон дар Хуҷанд аз нав оғоз мегардад

spot_imgspot_img

Дата:


Ҷаласаи судӣ оид ба баррасии парвандаи маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар Хуҷанд бинобар сабаби ба кор дар ВМКБ таъин шудани раисикунанда дар ин мурофиа, судяи суди шаҳр Муслумон Шарифов аз нав оғоз мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева хабар дод.

«Мо судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқуловро раиси ин мурофиа таъин намудем. Мурофиа ҳамин ҳафта таъин шуда, вале санаи дақиқаш маълум нест. Чун судя бо парванда хуб шинос нест, баррасии парвандаи маҳбусон аз нав оғоз мегардад», – зикр кард М.Ҳабибуллоева.

Ёдрас мекунем, ки 24-уми июли соли равон, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев пушти дарҳои пӯшида оғоз гардид.

Санаи 1-уми августи соли равон маҳбус Садриддин Тошев ва адвокати ӯ Файзинисо Воҳидова иштирок дар мурофиаи судиро

рад карданд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...