Интиқоли 10%-и барқи истеҳсолшуда ба Афғонистон дар моҳи июл

spot_imgspot_img

Дата:


Моҳи июли соли равон беш аз 156 млн. кВт/соат барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ин миқдор 10,7%-и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар дар моҳи июл (1 млрд. 575 млн. кВт/соат)-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо моҳи июн моҳи июл ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба андозаи 36,7% афзуда, нисбат ба моҳи июн дар моҳи июл ҳаҷми истеҳсоли барқ ҳамагӣ 4,5% зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июл истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 417 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи июн қариб 6% бештар аст. Дар муқоиса бо соли гузашта моҳи июни имсол истифодаи барқ 43 млн. кВт/соат камтар шудааст. Моҳи июли соли 2012 ҳаҷми истифодаи барқ дар кишвар ба 1 млрд. 460 млн. кВт/соат баробар шуда буд.

Популярное

Похожие материалы