Интиқоли 10%-и барқи истеҳсолшуда ба Афғонистон дар моҳи июл

Моҳи июли соли равон беш аз 156 млн. кВт/соат барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд. Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ин миқдор 10,7%-и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар дар моҳи июл (1 млрд. 575 млн. кВт/соат)-ро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо моҳи июн моҳи июл ҳаҷми содироти […]

ASIA-Plus


Моҳи июли соли равон беш аз 156 млн. кВт/соат барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ин миқдор 10,7%-и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар дар моҳи июл (1 млрд. 575 млн. кВт/соат)-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо моҳи июн моҳи июл ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба андозаи 36,7% афзуда, нисбат ба моҳи июн дар моҳи июл ҳаҷми истеҳсоли барқ ҳамагӣ 4,5% зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июл истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 417 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи июн қариб 6% бештар аст. Дар муқоиса бо соли гузашта моҳи июни имсол истифодаи барқ 43 млн. кВт/соат камтар шудааст. Моҳи июли соли 2012 ҳаҷми истифодаи барқ дар кишвар ба 1 млрд. 460 млн. кВт/соат баробар шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.