Суғд: Ҳалокати ҳашт нафар дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 17-уми август дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух дод, ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и ВКД ҶТ хабар дод, дар километри 254-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ронандаи автомашинаи «Тойота-Кэмри» Нурулло Бузмаков аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Кибриё Холназароваи 29-соларо бо […]

ASIA-Plus


Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 17-уми август дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух дод, ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и ВКД ҶТ хабар дод, дар километри 254-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ронандаи автомашинаи «Тойота-Кэмри» Нурулло Бузмаков аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Кибриё Холназароваи 29-соларо бо автомашинааш пахш мекунад ва сипас ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел» таҳти идораи Акмал Мансуров бармехӯрад.

«Бар асари ин садама ҳашт нафар, аз ҷумла мусофирони ҳарду автомашина, ронандаи автомашинаи «Опел» ва роҳгузари зикршуда ба ҳалокат расиданд. Ду нафар бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарианд», – гуфт манбаъ.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.