Барои сохтмони манзил ба сокинони пойтахт қитъаҳои замин ҷудо шуданд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси Шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияи дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ дар маҳаллаи «Ховарон» ҷаласаи сайёр доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори раиси пойтахт доир ба тақсимоти қитъаҳои замин ба сокинон ҷиҳати сохтмони манзил […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси Шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияи дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ дар маҳаллаи «Ховарон» ҷаласаи сайёр доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори раиси пойтахт доир ба тақсимоти қитъаҳои замин ба сокинон ҷиҳати сохтмони манзил баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар маҳаллаи «Ховарон» ба 727 нафар сокинони пойтахт барои сохтмони манзил се сотихӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

«Дар қитъаҳои замини ҷудогардида айни ҳол аз ҷониби Раёсати  сохтмони  асосии  шаҳри Душанбе корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони хатҳои муҳандисии беруна, роҳҳо, ирригатсия, обтаъминкунӣ, корезӣ ва барқтаъминкунӣ оғоз гардида, санаи 27-уми август маросими ба моликони қитъаҳои замин супурдани ҳуҷҷатҳои дахлдор доир мегардад», – гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.