Дар доираи сафари расмии нахуствазири Таиланд Йинглак Шинаватра ба Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардид.
Дар баргузории чорабинии мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷинвест» саҳм гирифтанд.
Дар кори ҳамоиш 35 нафар соҳибкорони Таиланд ва 55 соҳибкорони тоҷик ширкат варзиданд, ки бахшҳои гуногуни иқтисод, аз қабили энергетикаву саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва бахши бонкиро намояндагӣ карданд. Ҳамчунин намояндагону вазорату идораҳои дахлдор низ ҳузур доштанд.
Зимни ҷаласаи ҳамоиш атрофи масоили гуногуни иқтисодӣ табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати омӯзиши масъалаи сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш миёни ҷонибҳо вохӯриҳои интерактивӣ сурат гирифта, дурнамои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Соҳибкорони тоҷик ба меҳмонон маводи иловагии иттилоотӣ оид ба иқтисод ва муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод намуданд.



