Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов бо ҷаноби Масар Хонма – мудири Бонки аврупоии таҷдид ва руш (БАТР) оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаноби Улф Хиндстром, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар вохӯрӣ ва суҳбати ҷолиб ҷонибҳо дар мавриди вазифа ва масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории минбаъда дар ин соҳа табодули назар намуданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқоти судманд ҷаноби Масар Хонма, Мудири Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти бонк барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи муфид дар ҷодаи рушди бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда истодааст.



