Баррасии масоили амалисозии лоиҳаҳо дар доираи CASA-1000 бо БАОР


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмидинов рӯзи 22-юми август бо намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати ин бонк Сергей Шаталов мулоқот орост.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо дурнамои барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва дар давраи миёнамуҳлат барои солҳои 2014-2016 ва ҳамчунин ҳамоҳангсозии муносибатҳои дуҷониба ва бо дигар созмонҳои байнулмилалии молиявиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии таҷҳизоти куҳнашудаи нерӯгоҳи Роғун, масъалаи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000  ва имконоти истифодаи дигар сарчашмаҳои алтернативии энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

«Ҳамкории Тоҷикистону БАОР тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ва ҳамоҳангсозии иқдомоти муштарак сурат мегирад. Баргузории ислоҳоти муваффақона ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сол то сол тамоили пастравиро касб кард», – зикр кард Шаталов.

Вазири молияи Тоҷикистон самаранокии ҳамкорӣ бо БАОР дар баргузории ислоҳоти ниҳодӣ дар кишварро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Бонки авруосиёии рушд созмони байнулмилалии молиявӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Алмаато воқеъ аст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он аз ҳисоби саҳми кишварҳои узви бонк: Русия – 1 млрд., Қазоқистон – 500 млн., Белорус – 15 млн., Тоҷикистон – 500 ҳазор, Арманистон- 100 ҳазор ва Қирғизистон – 100 ҳазор доллари ИМА ташаккул ёфтааст.

spot_imgspot_img

Популярное