Хадамоти санитарии Русия то ҳол нисбати қатраҳои Тоҷикистон эродҳо дорад.
«Мо ба Тоҷикистон то ҳанӯз баъзе суолҳо дорем. Дар ин самт чораҳо андешида мешаванд, вале кофӣ нестанд», – гуфтааст ба хабаргузории Интерфакс роҳбари Роспотребнадзор сардухтури давлатии санитарии Русия Геннадий Онишенко.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз эродҳои Русия, Тоҷикистон 16 вагони нав харидааст, вале ин як қатора буда, шумори ҳамаи қатораҳо 10 ададро ташкил медиҳанд. «Боқимондаро мебояд иваз ё таъмир намуд, вале таъмир нисбати харидани вагони нав гаронтар меафтад», – иброз доштааст Онишенко.
Роҳбари «Роспотребнадзор» ҳамчунин зикр кардааст, ки онҳо мониторингро идома медиҳанд, вале онро пурзӯр хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пас аз қазияи моҳи апрел бо қатораҳои Тоҷикистон ба харидории вагонҳои нав идома медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон корхона 150 адад вагонҳои боркаш ва 15 вагони мусофирбари нав дастрас намудааст. Айни замон парки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 269 адад вагони боркаш, 436 вагони мусофирбар ва 56 тепловоз иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 14-уми апрели соли равон ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ва Геннадий Онишенко зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ
шинос шуданд.



