Дар
иттилои махсуси
рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта пахшшудаи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон зикр мегардад, ки Туркманистон ба Тоҷикистон ҷиҳати дар шакли партоби холӣ нигоҳ доштани ҳаҷми иловагии об аз обанбори Норак ягон дархост ирсол накардааст.
Дар изҳороти ВКХ Туркманистон гуфта мешавад, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов изҳор намудааст, ки соли равон барои таъмини обёрии заминҳои кишт Тоҷикистон дар шакли партоби холӣ аз обанбори Норак Туркманистонро дастгирӣ намудааст.
«Нахуствазири Тоҷикистон ишора кард, ки маҳз ба туфайли «дастгирӣ»-и Тоҷикистон ҳосили заминҳои кишти кишварҳои поёноб эмин нигоҳ дошта шудаанд. Ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надоранд. Дар ҳолати мазкур ҳосили заминҳои кишти Туркманистон танҳо дар натиҷаи саривақт анҷом додани чорабиниҳои пешгирии камобӣ, яъне истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ эмин нигоҳ дошта шуд», – таъкид месозад ВКХ Туркманистон.
Дар изҳорот ҳамчунин баён мегардад, ки тибқи иттилои ВАО-и Тоҷикистон, ҷониби Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба ҳаҷми ниҳоии ҷамъоварии об ва ҳамзамон кӯмак расонидан ба Туркманистон, тадбирҳо андешидаастт. «Аммо ҷамъоварии воқеии об дар обанбори Норак дар реҷаи маъмулӣ, бидуни ҳеҷ истисноҳое сурат мегирад, ки ба дар ҳаҷми 99,2%-и обанбор захира крадани об имкон фароҳам овардааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки обгирии Туркманистон аз ҳавзаи Амударё то лимити худ нарасидааст. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат роҷеъ ба ҳеҷ кӯмаке сухан гуфтан нашояд», – зикр мегардад дар изҳорот.
Дар изҳороти ВКХ Туркманистон илова мегардад, ки «бо назардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Туркманистон дар робита ба изҳороти мазкур ва ғайривоқеиву бемаврид будани он изҳори нофаҳмӣ ва нигаронӣ мекунад».
Ёдрас мекунем, ки
зимни нишасти хабарӣ
оид ба натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об нахуствазири Тоҷикистон зикр карда буд, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо кишварҳои поёноб дар масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҳамеша омода аст.
Дар робита ба ҳамкориҳои мутақобила дар ин самт нахуствзири Тоҷикистон чунин изҳор карда буд: «Баҳори имсола сард омада, мо фурсат пайдо накардем, ки дар обанбори Норак ба қадри кофӣ об ҷамъоварӣ намоем. Ба мо аз ҳукумати Туркманистон муроҷиат карданд, ки аз ҳисоби партобҳои холӣ аз обанбор онҳоро дастгирӣ намоем ва дар як вақт ба ҷамъовари об ба ҳадди ниҳоӣ фурсат пайдо кунем. Тибқи ҳисобҳоямон, мо ба партобҳои холии об шурӯъ кардем. Албатта, мо метавонистем дархости онҳоро рад намуда, бигӯем, ки аввал то ҳадди ниҳоӣ дар обанбор обро ҷамъоварӣ кардан зарур аст. Аммо дар ин ҳолат Туркманистон ва дигар кишварҳои поёноб барои обёрии заминҳои кишт фурсатро аз даст ва ҳосилро талаф медоданд».
Оқилов илова намуда, буд, ки «ин ҳусни тафоҳуму мувофиқат буда, ҳамеша ба манфиати кишварҳои минтақа мебошанд ва хоҳад буд».



