Сартарошу дӯзанда ва байторон акнун тибқи патент кор мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, номгӯи дорандагони патент зиёд карда шуд. Дар доираи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози ҶТ, ки аз аввали соли 2013 амал мекунад, ба қарори аз 31-уми августи соли 2012 қабулшудаи ҳукумат низ тағйирот ворид карда шуд.

Номгӯи нав дар сомонаи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон чоп шуда, дар ҳамин ҷо бо қарори қаблан қабулшудаи ҳукумат аз 31 августи соли 2012 низ метавон шинос шуд.

Аз қарори нави ҳукумат бармеояд, ки шумори номгӯи дорандагони патент афзуда, баъзе аз бандҳо миёни ҳам муттаҳид шудаанд. Ҳамин тариқ, номгӯйи дорандагони патент аз 47 то 49 шумор зиёд шуда, баъзе пардохтҳо тибқи патент тағйир ёфтаанд.

Масалан, ба номгӯи дорандагони патент сартарошону дӯзандагон ва байторону заргарон ва ҳамчунин хизматгори хонаву кормандони корҳои хонагӣ илова гардидаанд.

Аз Кумитаи андоз шарҳ доданд, ки шахсе, ки сатҳи даромадаш дар як сол аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд набошад, тибқи патент кор карда, ҳамчунин фаъолияташро тибқи шаҳодатнома низ ба расмият медарорад.

Тарофаҳои патент низ қадре тағйир дода шуданд. Масалан, маблағи патент барои фурӯшандагони қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо аз 240 то 200 сомонӣ поин бурда шуда, маблаги патент барои шахсони машғул ба мубодилаи асъор бетағйир гузошта шуд.

Заргарон 180 сомонӣ ва сартарошону дӯзандагон 120 сомонӣ маблаги патент пардохт мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, арзиши патент барои ҳофизони тӯйгард, хизматгузории нақлиёт ҳамлу нақли бору мусофирон, хизматгузории таҷҳизоти сантехникӣ, корҳои насббу сохтмон ва ғайра низ бетағйир боқӣ гузошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки тағйироти нахуст ба Кодекси андози Тоҷикистон моҳи июли соли равон ворид гардида буданд. Тибқи иттилои қаблӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 1000 тағйирот пешниҳод намуда буд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...