Чанде қабл Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар доираи чорабиниҳои худ бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Беларус як теъдод китобҳоро тӯҳфа намуд.
Тавре аз сафорати ҶТ дар Беларус хабар доданд, дар маросими супоридани китобҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов баромад карда, қайд намуд, ки робитаҳои ду кишвар ҳамасола таҳкиму тавсеа меёбанд. Ӯ зикр намуд, ки ин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун густариш ёфта, аз ҷумла, дар самти фарҳангу маориф сатҳи сифатан навро соҳиб мешаванд.
Сафир бо ишора ба таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон зикр намуд, ки ин халқи соҳибтамаддун имрӯз низ дар нашри китобу паҳн кардани маърифат ҳиссагузор аст ва дар ҷумҳурӣ ҳамасола адабиёти гуногун ба табъ мерасад. Аз ҷумла, китобҳое, ки имрӯз ба хазинаи Китобхонаи миллии Беларус ворид мешаванд, дар бораи таъриху фарҳанг, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ҳамкориҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим маҳлумот медиҳанд. Дипломати тоҷик илова намуд, ки қаблан низ ба ин китобхона китобҳо тӯҳфа шуда буданд ва дар оянда низ ин анъана идома хоҳад ёфт.
Директори Китобхонаи миллии Беларус Роман Степанович Митулский зимни суханронии худ Сафир ва мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Истиқлолияти ҷумҳурӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки тақвиятдиҳандаи ҳамкориҳои Беларус ва Тоҷикистон дӯстии наздики роҳбарони ҳарду давлат мебошад. Ба андешаи ӯ робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун рушд меёбанд, ки ҳамкории Китобхонаи миллии Беларус бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.
Дар охир Сафири Тоҷикистон ва Директори китобхона Созишномаи ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Беларус ва Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки ба тозагӣ ба имзо расид, ба ҳамдигар супориданд.



