Ян Кубиш: Тоҷикистон ҳамсояи нек ва дӯсти боэътимоди Афғонистон аст

Нимаи дуюми рӯзи 29-уми август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 29-уми август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Тоҷикистон минбаъд низ мусоидати худро барои таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон идома хоҳад дод».

Тавре зикр гардид, мусоидати Тоҷикистон дар шакли ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо дар кишвари мо ва ҳамчунин тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию зербиноӣ, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқи арзон ба ин кишвар сурат мегирад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ва дигар тадбирҳои минтақавии Тоҷикистон ва дигар шарикони он, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, дигар роҳҳо ва хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон мавриди дастгирии доимии муассисаҳои байналмилалӣ қарор мегиранд.

Ян Кубиш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки «Тоҷикистон воқеан ҳамсояи нек ва дӯсти боэътимоди Афғонистон аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.