Тӯҳфаи сафорати Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Беларус

Чанде қабл Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар доираи чорабиниҳои худ бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Беларус як теъдод китобҳоро тӯҳфа намуд. Тавре аз сафорати ҶТ дар Беларус хабар доданд, дар маросими супоридани китобҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов баромад карда, қайд […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар доираи чорабиниҳои худ бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Беларус як теъдод китобҳоро тӯҳфа намуд.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Беларус хабар доданд, дар маросими супоридани китобҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов баромад карда, қайд намуд, ки робитаҳои ду кишвар ҳамасола таҳкиму тавсеа меёбанд. Ӯ зикр намуд, ки ин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун густариш ёфта, аз ҷумла, дар самти фарҳангу маориф сатҳи сифатан навро соҳиб мешаванд.

Сафир бо ишора ба таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон зикр намуд, ки ин халқи соҳибтамаддун имрӯз низ дар нашри китобу паҳн кардани маърифат ҳиссагузор аст ва дар ҷумҳурӣ ҳамасола адабиёти гуногун ба табъ мерасад. Аз ҷумла, китобҳое, ки имрӯз ба хазинаи Китобхонаи миллии Беларус ворид мешаванд, дар бораи таъриху фарҳанг, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ҳамкориҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим маҳлумот медиҳанд. Дипломати тоҷик илова намуд, ки қаблан низ ба ин китобхона китобҳо тӯҳфа шуда буданд ва дар оянда низ ин анъана идома хоҳад ёфт.

Директори Китобхонаи миллии Беларус Роман Степанович Митулский зимни суханронии худ Сафир ва мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Истиқлолияти ҷумҳурӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки тақвиятдиҳандаи ҳамкориҳои Беларус ва Тоҷикистон дӯстии наздики роҳбарони ҳарду давлат мебошад. Ба андешаи ӯ робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун рушд меёбанд, ки ҳамкории Китобхонаи миллии Беларус бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.

Дар охир Сафири Тоҷикистон ва Директори китобхона Созишномаи ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Беларус ва Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки ба тозагӣ ба имзо расид, ба ҳамдигар супориданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.