Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар шаҳрҳои Душанбе (КИ «Тоҷиктекстил»), Хуҷанд (Кохи ҷавонон) ва боғҳои истироҳату фароғати шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар бахшҳои энергетикаву саноати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба бекорон 7 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад. Оғози ярмаркаҳо соати 08:00; – Дар бозорҳи бузурги пойтахти Тоҷикистон Иди асал ва харбуза доир мегардад; – […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар шаҳрҳои Душанбе (КИ «Тоҷиктекстил»), Хуҷанд (Кохи ҷавонон) ва боғҳои истироҳату фароғати шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар бахшҳои энергетикаву саноати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба бекорон 7 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад. Оғози ярмаркаҳо соати 08:00;

– Дар бозорҳи бузурги пойтахти Тоҷикистон Иди асал ва харбуза доир мегардад;

– Дар галереяи «Мино»-и ба номи Эраҷ Айнӣ намоишгоҳи асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Исуф Сангов ва маросими муаррифиномаи албоми ӯ барпо мешавад. Оғоз соати 17:00;

– Ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистион доир гардида, санаи баргузории интихоботи президенти мамлакат эълон мегардад. Оғоз соати 08:00;

– Дар Хоруғ таҳти унвони «Имконоти сармоягузории рушди Помир» Форуми якуми байнулмилалии иқтисодӣ ифтитоҳ мегардад.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7672

сомонӣ;


1

евро

– 6.2


0


29

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.



Як рӯзи таърих


1996

– Дар корхонаи гидрометаллургии Исфара коргоҳи истеҳсоли сурмаи металлӣ ба кор даромад.


2003

– Дар Душанбе Ҳамоиши байнулмилалии оби тоза «Об, муҳити зист ва амният» ба кор шурӯъ кард.


1951

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.


1956

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.