Мулоқоти вазири мудофиаи ҶТ бо фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Покистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Покистон Ашфақ Парвиз Каёнӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Рамил Нодиров мулоқот анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои низомӣ, низомиву техникӣ, омодасозии кадрҳо […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар шаҳри Душанбе фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Покистон Ашфақ Парвиз Каёнӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Рамил Нодиров мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои низомӣ, низомиву техникӣ, омодасозии кадрҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

«Мансабдорони воломақоми низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин атрофи масоили марбут ба вазъ дар минтақаву Афғонистон, мубориза бо терроризм ва роҳандозии табодули маълумот дар ин самт табодули назар намуданд», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди артиши Покситон ҳамчунин аз Донишкадаи низомии Тоҷикиситон боздид карда, бо сарбозону афсарони як қатор қисмҳои низомӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Интизорӣ меравад, ки пагоҳ, 30-юми август генерали покистониро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.