Ҳабси иштирокчиёни флеш-моб ба муҳлати 5 шабонарӯз

Иштирокчиёни иқдоми флеш-моб ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс маҳкум гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандону наздикони соҳибкор хабар доданд, чор писари Зайд Саидов ва домоди ӯ ҳабс шуда, узви гурӯҳи ташаббускор Мавҷуда Соҳибназарова ва посбони маҷмааи «Пойтахт» ба маблағи 280 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Қаблан узви гурӯҳи […]

ASIA-Plus


Иштирокчиёни иқдоми флеш-моб ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс маҳкум гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандону наздикони соҳибкор хабар доданд, чор писари Зайд Саидов ва домоди ӯ ҳабс шуда, узви гурӯҳи ташаббускор Мавҷуда Соҳибназарова ва посбони маҷмааи «Пойтахт» ба маблағи 280 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.


Қаблан

узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов низ ҳамчун созмондеҳи иқдоми флеш-моб ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ҳамаи онҳо мутобиқи моддаи 460-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ боз гардид.

Ба гуфтаи Қосимов пеш аз мурофиаи судӣ, онҳоро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё тартиботи ҷамъиятро халалдор сохта, таваҷҷуҳи ронандагони аз назди онҳо мегузаштаро ба худ ҷалб намудаанд. Иқдоми флеш-моб дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» доир гардида, барои шахсони ғайр аз назар пинҳон буд.

«Дар давоми баргузории аксия ҳудуди 15 нафар журналистон ҳам иштирок доштанд ва фикр мекунам, ки онҳо низ ин иқдомро арзёбӣ карда метавонанд», – гуфт Қосимов.

Дар моддаи 460-и Кодекс дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ҷаримабандӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 нишондиҳандаи ҳисоб ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки иқдоми флеш-моб рӯзи 27-уми август дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» баргузор шуд.

Дар аксия дӯстону наздикони Зайд Саидов, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни аксия овеза бо акси Зайд Саидовро бо 100 адад пуфак ба ҳаво сар доданд. Ҳамчун рамзи озодӣ 100 кабӯтар низ ба ҳаво сар дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.