Мусоидати ЮНИСЕФ ба ҳифзи кӯдакон зимни ҳолатҳои фавқулода


Аз 17 то 19 сентябр дар Душанбе роҷеъ ба ҳифзи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода ва расонидани ёрии равонӣ-иҷтимоӣ тренинги серӯза баргузор мегардад. Омӯзиши мазкур аз тарафи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон омода карда шудааст.

Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ хабар доданд, мутахассисон аз Шӯрои даниягӣ оид ба гӯрезагон ва Донишгоҳи милли Тоҷикистон қисмати фаннии ин тренингро ба ӯҳда доранд. Дар ин омӯзиш намояндагони муассисаҳои миллӣ ва давлатӣ, аз ҷумла Кумита оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва Комисияи ҳуқуқи кӯдак, ҳамчунин намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҷомеаи шаҳрвандии матбут ба ҳалли масоили ҳолатҳои фавқуллода иштирок мекунанд.

Бо назардошти осебпазирии хоссаи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода, мақсади ин омӯзиш ба эҷоди зарфияти шарикони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода, аз ҷумла таъмини хадамоти равонӣ-иҷтимоӣ барои кӯдакон бахшида шудааст. Иштирокчиёни тренинг ҳамчунин бо нақшаи эҳтимолӣ ва дар доираи он бо механизми барои ҳолатҳои фавқуллода зарурӣ шинос мегарданд, ки он барои тасвиби минбаъда дар сатҳи миллӣ равона шудааст.

Дар давоми ду ҳафтаи охир, давраи чунин омӯзишҳо дар Кӯлоб бо иштироки намояндагон аз Қурғонтеппа, Кулоб ва ВМБК, инчунин дар Хуҷанд бо иштироки намояндагони вилояти Суғд баргузор гардид.

ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон дар доираи нақшаи тасдиқшудаи корӣ барои солҳои 2012-2013, ки байни ЮНИСЕФ ва Комисияи ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мустаҳкам намудани системаи ҳифзи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное