Ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 8 моҳ 3,7%-ро ташкил дод

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 5 млрд. 820 млн. сомонӣ (беш аз 1,2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,7% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро […]


Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 5 млрд. 820 млн. сомонӣ (беш аз 1,2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,7% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар Агентӣ дар навбати аввал ба аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат марбут медонанд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 12,7, саноати коркард – 65 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 22,3%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим дар 8 моҳи соли равон дар 51 номгӯи он (56,7%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 26 номгӯй (28,9%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот (14,4%) истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки моҳҳои январ-августи ҳамин сол як қатор корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» бинобар сабаби камбуди гази табиӣ бо иқтидори пурра кор карда натавонистанд. Бо ин сабаб корхонаи муштараки «Азот» ва ҶСК «Тоҷиксемент» комилан аз фаъолият бозмонданд. Ғайр аз ин, ба иллати кабуди ашёи хом аз нисф зиёди корхонаҳои коркарди нахи пахта низ бо иқтидори пурра фаъолият накардаанд.

Қобили зикр аст, ки

соли гузашта

дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 9,8 млрд. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.