Оғози дубораи қабули имтиҳони дарёфти сертификати донистани забони русӣ дар ДСРТ

Консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон қабули сертифкатҳои донистани забони русӣ аз ҷониби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия бо низоми содашударо дубора барқарор намуд. Муовини ректори ДСРТ Хусрав Шанбезода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки  консулгарӣ қабули асноди донишгоҳро оғоз намуда, вале сабаби муддати муайяне аз ин […]


Консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон қабули сертифкатҳои донистани забони русӣ аз ҷониби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия бо низоми содашударо дубора барқарор намуд.

Муовини ректори ДСРТ Хусрав Шанбезода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки  консулгарӣ қабули асноди донишгоҳро оғоз намуда, вале сабаби муддати муайяне аз ин кор даст кашиданро шарҳ надодааст.

Ёдрас мекунем, ки тайи чанд моҳи ахир консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон ба қабули сертификатҳои додашуда аз ҷониби ДСРТ оид ба донистани забони русӣ барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия

хотима бахшида буд

. Дар консулгарӣ ин амалро чунин шарҳ дода буданд, ки барои пешниҳоди сертификати мазкур ДСРТ иҷозатнома надошта, аз ин рӯ, сертификатҳои онҳо минбаъд қабул карда намешавад. Дар ин давра супурдани имтиҳонот барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд.

Хусрав Шанбезода зикр кард, ки имтиҳонот барои дарёфти сертификат оид ба донистани забони русӣ дар ДСРТ мутобиқи фармони Вазорати маориф ва илми Русия амалӣ мегардад. «Дар ин робита ДСРТ ба дарёфти иҷозатнома барои додани сертификат эҳтиёҷ надорад», – таъкид дошт ӯ.

Тибқи маълумоти мавҷуда, соли гузашта қариб 5 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Асосан афроде ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд, ки забони русиро хуб баладанд, қобилияту малакаҳои касбӣ доранд ва дар қаламрави Русия будубоши худро таъмин карда метавонанд. Зикр мегардад, ки ин афрод аслан табибону ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва омӯзгорон мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.