Анҷоми фаъолияти дипломатии сафири Туркманистон дар Тоҷикистон


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамоваро бо сабаби анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари дипломати туркман дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ дар кору зиндагии ояндааш барору комёбӣ таманно намуд.

Чинор Рустамова аз таассуроти накӯи худ аз Тоҷикистон ва муносиботи роҳбарияту мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талоши худро идома хоҳад дод.

spot_imgspot_img

Популярное