Оғози дубораи қабули имтиҳони дарёфти сертификати донистани забони русӣ дар ДСРТ

spot_imgspot_img

Дата:


Консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон қабули сертифкатҳои донистани забони русӣ аз ҷониби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия бо низоми содашударо дубора барқарор намуд.

Муовини ректори ДСРТ Хусрав Шанбезода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки  консулгарӣ қабули асноди донишгоҳро оғоз намуда, вале сабаби муддати муайяне аз ин кор даст кашиданро шарҳ надодааст.

Ёдрас мекунем, ки тайи чанд моҳи ахир консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон ба қабули сертификатҳои додашуда аз ҷониби ДСРТ оид ба донистани забони русӣ барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия

хотима бахшида буд

. Дар консулгарӣ ин амалро чунин шарҳ дода буданд, ки барои пешниҳоди сертификати мазкур ДСРТ иҷозатнома надошта, аз ин рӯ, сертификатҳои онҳо минбаъд қабул карда намешавад. Дар ин давра супурдани имтиҳонот барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд.

Хусрав Шанбезода зикр кард, ки имтиҳонот барои дарёфти сертификат оид ба донистани забони русӣ дар ДСРТ мутобиқи фармони Вазорати маориф ва илми Русия амалӣ мегардад. «Дар ин робита ДСРТ ба дарёфти иҷозатнома барои додани сертификат эҳтиёҷ надорад», – таъкид дошт ӯ.

Тибқи маълумоти мавҷуда, соли гузашта қариб 5 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Асосан афроде ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд, ки забони русиро хуб баладанд, қобилияту малакаҳои касбӣ доранд ва дар қаламрави Русия будубоши худро таъмин карда метавонанд. Зикр мегардад, ки ин афрод аслан табибону ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва омӯзгорон мебошанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...