Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СААД дар Сочи


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Сочии Русия доир мегардад, ширкат меварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД баррасии як баста аснод оид ба рушди низомии Созмон то соли 2010 дар назар аст, ки аз масоили таъсиси нерӯҳои авиатсионӣ ва идоракунии нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД иборат аст.

«Иштирокчиёни нишаст атрофи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон табодули назар намуда, ҳамчунин масъалаи расонидани кӯмаки низомиву техникӣ ба марзбонони Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби иштирок дар кори нишасти СААД дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Созмони мазкур пешбинӣ шудааст.

«Дар остонаи ифтитоҳи кори нишасти СААД аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Сочи ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное