Баррасии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар вохӯрии Э.Раҳмон бо намояндаи БҶ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба […]


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳавасмандии Ҳукумати ҷумҳуриро ба густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ таъкид дошт.

Сароҷ Кумар Ҷа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳисоботи марҳилаи заминавӣ ва якуми ин кор, ки ба ҷанбаҳои техникии лоиҳа дахл доранд, охири моҳи сентябри соли равон нашр мегардад ва моҳи октябр дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди муҳокимаи ошкоро қарор дода мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин оид ба оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир ба кашидани хатти барқии 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.