Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби президент

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия”, “Дар бораи зотпарварӣ”, “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қонуни […]

ASIA-Plus


Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия”, “Дар бораи зотпарварӣ”, “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, гузаронидани экспертизаи энергетикӣ, таъмини иттилоотии чорабиниҳо, роҳҳои дастгирии давлатӣ, татбиқи механизмҳои иқтисодӣ ва молиявии соҳа, инчунин тартиби амалӣ намудани назорати давлатиро вобаста ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии ҳайвонот ва таъминии озуқавории мамлакат равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, барои таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона карда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба рушду инкишофи соҳаи зотпарварӣ, моҳипарварӣ, сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки энергия ва танзими фаъолияти волонтёрӣ равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки зимни шарҳу тавзеҳ ва ба баррасии вакилони палати поёнии парлумон пешниҳод кардани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки агар дар бахши сарфаҷӯии энергия ва самаранокии энергия чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, дар ояндаи наздик ҳам Тоҷикистон асосан давлати содиркунандаи ашёи хом ва воридкунандаи маҳсулоти саноатию ғайрисаноатӣ боқӣ монда, ҳамчунин

ҳамеша дар буҳрони энергетикӣ

қарор хоҳад дошт.

Шабдолов яке аз муаллифон лоиҳаи қонуни мазкур буда, таъкид намуд, ки бо чунин исрофкории истифодаи энергия дар кишвар, ки характери оммавӣ касб кардааст, ҳатто бунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои нав Тоҷикистонро аз буҳрони барқии тайи 20 соли ахир домангир раҳо карда наметавонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.