Довталабии беш аз 10 номзад ба мансаби президентӣ аз ИҶТ

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) шояд аз рӯйхати 10 нафар довталабон номзади худ ба мансаби президентиро интихоб намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ИҶТ Кабирҷон Ҷӯраев хабар дод. «Иттифоқи мо қаблан довталабии 2-3 нафарро баррасӣ мекард, вале ин дафъа шумори онҳо бештар хоҳад буд», – иброз дошт ӯ. Ба гуфтаи Ҷӯраев, дар анҷумани […]


Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) шояд аз рӯйхати 10 нафар довталабон номзади худ ба мансаби президентиро интихоб намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ИҶТ Кабирҷон Ҷӯраев хабар дод.

«Иттифоқи мо қаблан довталабии 2-3 нафарро баррасӣ мекард, вале ин дафъа шумори онҳо бештар хоҳад буд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ҷӯраев, дар анҷумани рӯзи 21-уми сентябри ИҶТ «аз муколамаву баҳсҳои ҷиддӣ интизорӣ рафта, ба баррасии вакилон номзадҳои арзанда пешниҳод ва намояндагон аз 72 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба ҳар кадоме аз онҳо метавонанд раъйи худро бидиҳанд».

Муовини раиси ИҶТ ҳамчунин зикр кард, ки номзади ИҶТ ба мансаби президентӣ аз рӯйи якчанд нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. «Қабла аз ҳама, ӯ бояд нафари шинохта ва нуфузи шахсеро доро бошад, ки ба ваъдаҳои замоне додааш вафо кардааст», – изҳор намуд номбурда.

К.Ҷӯраев бар ин назар аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, Саидҷаъфар Исмонов, Толиббек Бухориев ва Абдуҳалим Ғаффоров «номзадҳои арзанда ба мансаби президентӣ буда, вале моро ҳоло зарур аст, ки бо барномаҳои номзадҳо ва механизми амалисозии онҳо шинос шавем».

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботипрезидентии соли 2006 ИҶТ якдилона номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намуда буд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ буда, 12-уми октябри соли 1991 таъсис дода шуд. Мақоми олии ИҶТ анҷумани он мебошад. Шиори ИҶТ – «Барои ваҳдат ва пешравӣ дар Тоҷикистон» аст.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон санаи 6-уми ноябр баргузор мешавад. Айни замон чор нафар – Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ, академик Толиббек Бухориев аз ҲАТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҲДТ ва Ойниҳол Бобоназарова аз ИНИТ номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.